Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳероин дар "пулдон"-и як хориҷӣ дар Мурғоб


Маъмурони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар марзи Тоҷикистон бо Чин ва Қирғизистон фарди хориҷеро боздошт кардаанд, ки аз пулдони вай маводи мухаддири ҳероин кашф ва мусоидира намуданд. Дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 18-уми феврал зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин ҳодиса дар минтақаи марзии ноҳияи Мурғоб ҳангоми боздошти автомашинаи тамғаи "Хова" рух додааст. Ҳангоми аз назаргузаронии бағоҷи автомашина сигори тамғаи "Pine" кашф гардидааст, ки дохили он бастаи доллар будааст. Амо вақте дурустар назорат шудааст, дар дохили сигор моддаи монанд ба маводи мухаддир ҷо шуда ва маълум гардида, ки ин "ҳероин" аст. Ин манбаъ меафзояд, ки "шаҳрванди хориҷи дар пулдони худ маводи мухаддири навъи ҳероинро нигаҳдорӣ кардааст. Ҳамакнун ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова" боздошт ва таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад. Боздошти ин шаҳрванди хориҷӣ ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 42 шаҳрванди хориҷӣ, ки аксари онҳо атбоъи Афғонистон будаанд, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG