Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел бо Ятсенюк ва Кличко мулоқот мекунад


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Интизор меравад, ки рӯзи душанбе дар Берлин-пойтахти Олмон Арсений Ятсенюк ва Виталий Кличко-раҳбарони мухолифони сисёсии давлати Виктор Янукович бо Ангела Меркел-нахуствазири Омон бӯҳрони сиёсии Украинаро баррасӣ кунанд.

Раҳбарони мухолифон ҳамчунин аз хонум Меркел хоҳанд хост, ки барои идомаи муборизаҳои сиёсӣ Аврупо ба онҳо кӯмак кунад. Ятсенюк хитоб ба ҳазорон нафар эътирозгарон дар майдони марказии Киев гуфт, “Мо аз Аврупо мехоҳем, то ба таври рӯшан бигӯяд, ки ба мо чӣ гуна барномаҳои кӯмаки молӣ пешниҳод мекунад.
Ятсенюк ҳамчунин гуфт, онҳо хоҳанд хост, ки Аврупо барои украиниҳо рафту омади бидуни раводид бо Аврупоро ҷорӣ намояд.

Аз сӯи дигар, Додситонии Кулии Украина мегӯяд, Қонун дар бораи афви шартии эътирозгарони боздоштшуда аз иттиҳомоти ҷиноӣ рӯзи душанбе ба иҷро медарояд. Шаби рӯзи якшанбе дафтари Додситони кулл Виктор Пшонка аз қавли вазорати дохила эълон кард, ки эътирозгарон ҳамаи шарту шароити афвро риоят кардаанд ва қонуни афв метавонад иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG