Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Аскар Оқоев дубора боздошт шуд


Одил Тӯйғунбоев
Одил Тӯйғунбоев
Дар як ҳафтаи охир бори дуввум Одил Тӯйғунбоев-домоди Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар Маскав боздошт шудааст. Дар ин бора Николай Полозов-вакили мудофеи вай ба матбуоти Русия хабар додааст.

Полозов гуфтааст, шахси зери ҳимояти вайро пулиси Маскав шоми якшанбе барои 48 соат бозошт кардааст. Пулис мегӯяд, Одил барои он ин ҳафта бори дуввум боздошт шудааст, ки дар ҷустуҷӯи пулиси байналмиллалӣ ё интерпол қарор дорад.
Ба гуфтаи пулис, дар робита бо Бозиҳои Зимистонаи Олимпӣ дар Сочӣ тадобири амниятӣ тақвият ёфтааст, барои ҳамин ба таври расмӣ вай бояд дар боздошт қарор дошта бошад.

Тӯйғунбоев шаҳрванди Қазоқистон аст. Моҳи марти соли 2008 Додситонии Кулли ин кишвар эълон карда буд, ки Тӯйғунбоевро ба Қирғизистон истирдод нахоҳад кард, вале агар гуноҳе дошта бошад, ҳозир аст, ки худаш дар Қазоқистон ба он расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG