Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ: Музокирот ба ҷое намерасад


Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон бори дигар гуфт, ки вай ба музокироти ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ “хушбин нест” ва афзуд ба ин музокирот мухолиф ҳам намебошад.

Вай хитоб ба раҳпаймоён дар устони Озарбйҷони Эрон гуфт, бо вуҷуди ин ки ба андешаи вай музокирот “ ба ҷое нахоҳад расид” вай ба музокирот мухолиф нест.
Ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзи сешанбе шаш қудрати ҷаҳонӣ, яъне Амрикову Русия, Британияву Фаронса ва Олмону Чин дар Вена музокиротро аз сар гиранд.

Баъд аз тавофуқоти муқаддамотии ба даст омада дар моҳи ноябр ҷонибҳо мехоҳанд дар бораи барномаҳои ҳастаии Теҳрон ба тавофуқоти ҳамаҷонибаи ниҳоӣ ноил шаванд.

Бар асоси тавофуқоти моҳи ноябр Эрон розӣ шуда буд, ки баъзе барномаҳои ҳастаии худро бозмедорад ва дар иваз баъзе таҳримҳои иқтисодии зидди Эрон аз миён бардошта мешавад.
XS
SM
MD
LG