Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари черкесҳои Сочиро боздошт карданд


Аскар Сохт
Аскар Сохт
Фаъолон мегӯянд, пулиси Русия Аскар Сохт-раҳбари яке аз гурӯҳҳои миллии черкесро боздошт кардааст. Вай зодаи шаҳри Сочӣ аст ва гуфтааст, бар зидди он эътироз мекунад, ки Русия дар сарзамини бобоии вай Бозиҳои Зимистонаи Олимпӣ баргузор мекунад.

Ҷамъияти Адигей Хаше рӯзи душанбе гуфт, ки Аскар Сохт-раҳбари гурӯҳ дар наздикии шаҳри Майкоп дар шароити номаълум рӯзи ҷумъа боздошт шудааст.
Пулиси маҳалии Майкоп дар ин бора тавзеҳот надодааст. Арандин Хотаӣ-узви ҷамъият гуфт, ки боздошти Сохт ғайричашмдошт сурат гирифтааст, зеро Сохт шахси замонавӣ буд ва бо мақомот муносибати хуб дошт.

Хотаӣ гуфт, бозиҳои олимпии Сочӣ он гуна баргузор мешавад, ки “гӯё мо вуҷуд надорем”. Фаъолони черкес дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон ба нишонаи эътироз бар зидди қатли оми миллати черкес дар қарни 19 алайҳи бозиҳои олимпӣ эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG