Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳони балуҷистонӣ қаторро таркониданд


Бар асари таркиши бомб дар роҳи оҳан дар як мавзеи воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон рӯзи якшанбе, 16 феврал, дасти кам 7 нафар, аз ҷумла, кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Қатор аз шаҳри Қарочӣ ба Пешовар ҳаракат мекард.

Масъулияти таркишро Артиши ҷумҳурии Балуҷистон, як гурӯҳи ҷудоихоҳ, бар ӯҳда гирифт. Намояндаи ин гурӯҳ ба хабаргузории Associated Press гуфтааст, ки таркиш - посух ба маҳвсозии мусаллаҳон дар мавзеи Дараи Бугтӣ мебошад.

Маводи тарканда дар роҳи оҳани дар наздикиҳои шаҳри Унар, воқеъ дар 450-километрии шимолу ғарби Қарочӣ, гузршта шуда буд.

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои ҷудоихоҳи Балуҷистон се хатти интиқоли газро тарконида, миллионҳо сокинони Покистонро аз ин маводи сӯхт маҳрум сохтанд.
XS
SM
MD
LG