Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 кило зираро дар Қазон сӯзонданд


Дар фурудгоҳи Қазон – пойтахти Тотористони Русия 32, 6 кило зираро сӯзондаанд. Ин миқдори бузурги зираро маъмурони фурудгоҳ аз мусофирон аз Тоҷикистону Узбакистон мусодира кардаанд. Воридоти зира ба қаламрави Русия ҳанӯз дар соли 2012 аз сӯи Росселхознадзор ҳанӯз дар даврони раҳбариашро бар дӯш доштани Владимир Онишенко манъ шуда буд. Ахиран ҳамаи 32 кило зираи мусодирашуда аз мусофирони тоҷику узбакро дар фурудгоҳи Қазон дар як оташдони вижа ба коми оташ доданд.
XS
SM
MD
LG