Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқтадо Садр аз майдони сиёсат берун меравад


Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиа, изҳор намуд, ки майдони сиёсатро тарк мекунад. Дар изҳороти Садр, ки рӯзи якшанбе, 16 феврал, дар интернет нашр шуд, омадааст, на ӯ ва на ҷонибдоронаш мақомеро дар ҳукумати Ироқ ва курсиеро дар парлумони кишвар ишғол нахоҳанд кард.

Изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки аҳзоби сиёсии Ироқ ба интихоботи парлумонии моҳи апрел омодагӣ мегиранд. Нахуствазири феълӣ Нурӣ ал-Моликӣ, яке аз рақибони пешини Муқтадо Садр, талош дорад, ки бо пирӯзӣ дар ин маърака мақомашро ҳифз кунад.

Муқтадо Садр баъд аз шурӯи ҷанги ИМА дар Ироқ дар соли 2003 маъруф шуд. “Артиши Маҳдӣ” таҳти фармони ӯ то соли 2007, то замони тавофуқи оташбас, бо нерӯҳои амрикоӣ меҷангид. Солҳои ахир мавқеи Муқтадо Садр бар асари мухолифаташ бо Ал-Моликӣ хело заъиф шудааст.
XS
SM
MD
LG