Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Пентагон ба маҳбусони собиқи зиндони Багром


Маҳбаси Багром
Маҳбаси Багром
Вазорати дифои Амрико рӯзи шанбе, 15 феврал, ҳушдор дод, ки агар маҳбусони ахиран маҳбаси Багромро таркнамуда дубора дар ҳамлаҳо ба нерӯҳои байнулмилалӣ ширкат кунанд, алайҳи онҳо чораҳои шадид андешида мешавад.

Намояндаи вазорат контр-адмирал Ҷон Кирбӣ изҳор намуд, ки нафаре аз 65 нафари аз зиндон раҳошуда мавриди пайгард қарор надорад, аммо агар дубора аз хушунат кор бигиранд, дар пояи қонун таъқиб хоҳанд шуд.

Мақомоти Афғонистон рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, 65 маҳбусеро, ки Амрико онҳоро “басо хатарнок” мехонд, аз зиндони Багром раҳо карданд. Маҳбас солҳои пеш таҳти назорати низомиёни ИМА буд ва дар он, ба иддаои Вошингтон, фақат муҷримин дар терроризм нигаҳ дошта мешаванд.

Сафорати ИМА дар Кобул дар изҳороте тасмими раҳоии ин маҳбусонро “таассуфбор” номид ва гуфт, ки маҳбусони раҳошуда ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои минтақа хатарноканд. Вошингтон масъулияти паёмадҳои раҳоии маҳбусонро бар дӯши ҳукумати Кобул гузоштааст.
XS
SM
MD
LG