Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи зидди Мулло Фазлуллоҳ дар Покистон


Дар шаҳри Карочии Покистон бар зидди як раҳбари Толибони ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Эҳтимол меравад, ки вай дар ҳамлае ба як автобуси мусофирбар, ки 12 нафар кушта ва 50 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд, даст дорад.

Рӯзи ҷумъа пулис ба таври расмӣ гузориш дод, ки Мулло Фазлуллоҳ-раҳбари Толибони Покистон ва Шоҳидулло Шоҳид-сухангӯи вай барои куштор ва терроризм гуноҳгор дониста мешаванд.

Рӯзи панҷшанбе худи Шоҳид иддао кард, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш мегирад. Баъд аз ин ҳамла музокироти миёни ҳукумат ва ҳайати Мулло Фазлуллоҳ, ки барои рӯзи панҷшанбе барномарезӣ шуда буд, лағв гардид. Ҳукумат тақозо кард, ки Толибон дар бораи идомаи ҳамлаҳо тавзеҳот диҳанд.
XS
SM
MD
LG