Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав духтари 16 солаи тоҷикро мошин пахш кард


Дар Маскав рӯзи ҷумъа соати 7:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қисмати “Маскави нав” як духтари 16 солаи тоҷик зери мошин мондааст. Дар ин бора раёсати корҳои дохилаи Маскав ба матбуот хабар додааст.

Дар хабар омадааст: ”Тақрибан соати 7:30 дар шоҳроҳи Симферопол дар наздикии хонаи рақами 5, кӯчаи Шербинка як мошини номаълум дар чаҳорроҳӣ шаҳрванди 16 солаи Тоҷикистонро пахш кард. Ин духтар дар яке аз коллеҷҳои Маскав таҳсил мекард”.

Духтар аз ҷароҳатҳои бардошта даргузаштааст. Мошин аз маҳали ҳодиса фирор кардааст.

Сафорати Тоҷикистон аз марги фоҷеаомези ин духтар изҳори ташвиш кардааст ва дар тамос бо пулиси ноҳияи Шербинкии Маскав маълум кардааст, ки ин духтар Шамсутдинова Шоиста Аслидиновна зодаи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон будааст.
Пулис ба сафорати Тоҷикистон қавл додааст, ки ба зудӣ мошин ва ронандаи вайро пайдо ва ба сазои аъмолаш хоҳанд расонд. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG