Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Аҳмадбек Келдибеков тамдид шуд


Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон
Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон
Боздошти муваққати Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон тамдид шудааст. Як додгоҳи шаҳри Бишкек тасмим гирифт, ки Келдибеков то 27 март дар боздошт нигоҳ дошта шавад.

Келдибековро моҳи ноябри соли гузашта барои суистифода аз мақом ва тахаллуфоти молӣ боздошт карда буданд. Ин ҷурмро ба даврае иртибот медиҳанд, ки вай чанд сол пеш раиси Бунёди давлатии иҷтимоӣ ва раиси Хадамоти андози Қирғизистон буд.

Баъд аз боздошти вай дар зодгоҳаш шаҳри Ӯш тазоҳуроти эътирозӣ барпо шуд. Моҳи декабр ҳазорон нафар ҷонибдорони вай ду бор ба дафтари раиси вилояти Ӯш ҳамла бурданд ва раҳоии вайро тақозо карданд. Дар ин рӯёрӯиҳо 14 нафар афсарони пулис осеби ҷиддӣ бардоштанд.

Келдибеков узви ҳизби мухолифи Ата Жорт, яъне Падарватан аст ва солҳои 2010-011 раиси порламон буд. Ҷонибдорони вай мегӯянд, ки боздошти Келдибеков ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG