Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элла Памфилова Омбудсмени Русия хоҳад шуд


Элла Памфилова
Элла Памфилова
Элла Памфилова ба пешниҳоди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои ишғоли мақоми Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар посухи мусбат дод. Баъд аз мулоқот бо сарвари давлат рӯзи панҷшанбе, 13 феврал, ӯ гуфт, ки дар мақоми нав бо кӯмаки ҳама афроди манфиатдор дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқи башар дар Русия умедвор аст.

Ваколатҳои Омбудсмени феълии Русия Владимир Лукин рӯзи 18 феврал хатм мешаванд.

Аз номзадии Элла Памфилова дар мақоми нав Шӯрои Федератсия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар пуштибонӣ карданд. Элла Памфилова дар гузашта раёсати Шӯрои ҳуқуқи башари назди раисиҷумҳури Русияро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG