Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клаппер: "Карзай паймонро имзо намекунад"


Раиси Хадамоти Миллии Иттилоотии Амрико мегӯяд, ба эътиқоди ӯ Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон паймони амниятии дуҷониба бо Амрикоро имзо намекунад. Ҷеймс Клаппер зимни суханронӣ дар Кумитаи Низомии Сенат гуфт, ин назари хусусии ӯст ва баёнгари сиёсати ҳукумати Амрико буда наметавонад. Ҷеймс Клаппер баландтарин мақоми амрикоист, ки ошкоро назарашро дар замина баён доштааст. Бар асоси паймони амниятӣ, баъди ихроҷи аксари нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то поёни ҳамин сол, ҳудуди 10 ҳазор сарбози амрикоӣ бояд дар ин кишвар бимонанд. Кохи Сафед аз Ҳомиди Карзай хостааст, ҳарчӣ зудтар ин паймонро имзо кунад, дар акси ҳол тамоми нерӯҳояро берун хоҳад кашид. Ҷеймс Клаппер гуфт, "судманд мебуд", агар ҳукумати Амрико эълон мекард, ки интизор мемонад, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистонро паймони амниятӣ имзо кунад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон моҳи апрел баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG