Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Русияро интиқод кард, ки намегузорад, то Шӯрои Амнияти Созмони Милал алайҳи Сурия иқдом кунад. Қудратҳои ғарбӣ саъй доранд, бо қабули қатъномае дар Шӯрои Амният аз Сурия хоста шавад, ки дастрасии бемамониат барои ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба манотиқи ҷангзадаро фароҳам кунад, дар акси ҳол он кишвар танбеҳ хоҳад дид. Барак Обама гуфт, “на танҳо суриягиҳо, балки русҳо низ масъули ранҷ кашидани ғайринизомиён” дар Сурия ҳастанд. Барак Обама дар ин бора рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо Франсуа Олланд дар Вашингтон сухан гуфт. Пешнависи қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи Сурияро рӯзи сешанбе дар байни 15 узви шӯро тақсим карданд, вале Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, онро талоши якҷониба барои гунаҳкор кардани ҳукумати Сурия хонд.