Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои ду ҷониби Сурия бо ҳам мулоқот мекунанд


Намояндагони мухолифони режими Сурия ва намояндагони ҳукумати ин кишвар рӯзи сешанбе дар мулоқоти рӯ ба рӯ даври дуввуми музокироти худро дар Женева идома доданд. СММ гуфт, ҳайатҳои ду ҷониб бо Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи вижаи ин созмон дар мулоқот ширкат доранд. Иброҳимӣ рӯзи душанбе бо ҳайатҳои ҳар ду ҷониб мулоқотҳои алоҳида анҷом дода буд.

Намояндагони мухолифон таҳдид карда буданд, ки дар даври дуввуми музокирот ширкат нахоҳанд кард, зеро ин музокирот пешрафт надоштааст.

Бар асоси як хабари дигар, Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфтааст, пешнависи қатъномаи кишварҳои ғарбӣ дар бораи Сурия “ғариқобили қабул” аст. Дар қатънома бар зидди баъзе шахсиятҳо, ки ба фиристодани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Сурия мамониат мекунанд, таҳримҳо пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG