Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Оинаи беҷило" дар Теҳрон


Филми коргардони тоҷик Носир Саидов дар ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр» ҷоизаи «беҳтарин филмнома»-ро ба худ ихтисос додааст. Ба навиштаи торнамои расмии Ҷашвораи байналмилалии "Фаҷр" дар ин ҷашвора, ки рӯзҳои 30-юми январ то 6-уми феврал дар шаҳри Теҳрон –пойтахти Эрон доир шуд, филми "Оинаи беҷило" ба намоиш гузошта шуд ва соҳиби ҷоизаи "беҳтарин филмнома" гардид. Муаллифи филмнома Бахтиёр Каримов, оҳангсоз Далер Назаров, наворбардор Георгий Дзалаев мебошанд. Филм дар бораи падаре қисса мекунад, ки писари ягонаашро баъди фавти ҳамсараш дар танҳоӣ ба воя мерасонад, аммо фарзандаш ногаҳон ба қатл мерасад. Дили ӯро ба ҷавоне медиҳанд, ки қотилаш буд. Аммо падар қотили писарашро мебахшад ва ӯро фарзанди хеш мехонад.Нахустнамоиши филми Носир Саидов «Оинаи беҷило» дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр соли гузашта баргузор гардид, ки аз ҷониби тамошогарон истиқболи гарм ёфт. Нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм моҳи октябр дар ҷашнвораи Пусони Куриёи ҷанубӣ, ки бузургтарин ҷашнвора дар қораи Осиёст, баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG