Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Женева даври навбатии музокироти Сурия шурӯъ шуд


Рӯзи душанбе, 10 феврал дар Женева даври дуввуми музокирот миёни ҳайатҳои ҳукуматӣ ва мухолифини Димишқ шурӯъ шуд. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия, аввал бо ҳайати мухолифин ва баъдан бо ҳайати ҳукуматӣ мулоқот кард.

Даври аввали музокирот охирҳои моҳи гузашта енатиҷа поён ёфта буд.

Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи душанбе ба хабаргузориҳо гуфт, чанд кишвар ба СММ қатъномае пешниҳод карданианд, ки дар он барои таъмини шароити интиқоли кӯмаки башардӯстона ба манотиқи ҷангзадаи Сурия даъват шудааст.

Аз ин пеш хабаргузориҳо навиштанд, ки бар асари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ифротгаро ба як рустои алавиҳо дар Сурия дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод, ки дар деҳаи Маъан, воқеъ дар маркази Сурия, дасти кам 20 сокини осоишта, аз ҷумла, занону кудакон ва тақрибан 20 узви гурӯҳи низомии пуштибон аз ҳукумат, кушта шудаанд. Дар ин ҳамла гурӯҳи “Ҷунд ал-Ақсо” айбдор мешавад.

Башор Асад ва аксарияти аъзои ҳукумати Сурия аз алавиҳо, пайравони як шохаи мазҳаби шиа мебошанд.
XS
SM
MD
LG