Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи гумонбарон ба қатли муаллими Донишгоҳи Хуҷанд


Додгоҳ рӯзҳои наздик ба бозбинии гумонбарон ба куштори муаллими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз мекунад. Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, ба курсии айбдорӣ Исроил Қодиров, сокини вилояти Хатлон ва Асанбек Давлатмамадов, сокини вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иттиҳоми “роҳзанӣ” ва “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги зарардида шудааст”, мутобиқи бандҳои 249 ва 110 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон кашида шудаанд.

Тафтиши пешакӣ ин афродро ба куштори Мунирхон Хоҷаев, муовини декан ва мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бегоҳи рӯзи 4 –уми ноябри соли гузаштаи 2013 дар маҳаллаи “Гулистон”-и айбдор донистааст. Биноба ин манбаъ, байни онҳо муноқиша сар мезанад ва ду нафари айбдоршуда устоди донишгоҳро зери мушту лагад мегиранд. Ҷасади Хоҷаев саҳари рӯзи дигар бо захмҳои зиёд дар канори роҳ дарёфт шудааст.

Додгоҳи Хуҷанд дар бораи афроди муттаҳам ба қатли муаллими донишгоҳ мегӯяд, ки яке ҳудуди 30 ва дуюмӣ 40 сол дошта, ҷойи кори доимӣ надоштанд ва аз мардикорӣ рӯзӣ ба даст меоварданд.

Ба гуфтаи наздикони Хоҷаев, қотилон пулу ангуштари тило ва телефони ҳамроҳи мақтулро рабудаанд.

Мақомоти пулиси Суғд ба думболи ҳодиса гуфта буданд, ки қатли Хоҷаев ба фаъолияти касбии вай дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рабте надорад.
XS
SM
MD
LG