Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар меҳвар бошад


Human Rights Watch (HRW), созмони дидбони ҳуқуқи башар, аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон даъват кард, ки дар маъракаи пешазинтихоботии худ мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар меҳвар қарор диҳанд.

Дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи башар аз рӯзи душанбе, 10 феврал, гуфта шудааст, ки фақат чаҳор нафар аз 11 довталаби курсии президентӣ дар назарпурсии HRW оид ба ҳуқуқи башар ширкат кардаанд. Бред Адамс, раиси бахшии осиёии HRW, гуфтааст назарпурсӣ масоили марбут ба ҷиноёти низомӣ, ҳуқуқи занон ва шиканҷаро дар бар мегирифт ва ба суолҳои он фақат Абдулло Абдулло, Қутбиддин Ҳилол, Қаюм Карзай ва Довуд Султонзай посух гуфтаанд. Ӯ афзудааст, ки изҳори назари ин чаҳор номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон оид ба масоили муҳим қобили эътимод аст.

Ҳадаф аз назарпурсии HRW – арзёбии афкори номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон ба масоили мубрами ҳуқуқи башар дар кишвар аст.

Қарор аст, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли равон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG