Вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе, 10 феврал, мавзӯъи бӯҳрон дар Украина ва авзоъ дар дигар кишварҳои узви Ҳамкории шарқиро баррасӣ хоҳанд кард. Мақомоти Брюссел гуфтанд, ки мавзӯи маҳдудсозии сафари мансабдорони украинӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкии онҳо ба рӯзномаи нишаст ворид нашудааст, зеро бештари кишварҳои узви Иттиҳодияи мутмаинанд, ин чораҳо муколама миёни раисиҷумҳур Виктор Янукович ва мухолифинро душвортар хоҳад кард. Маҳдудсозии сафари мансабдорони украинӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкии онҳо – аз талабҳои аслии эътирозгарон дар Киев аз Брюссел аст.
Эътирозҳои ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Аврупо дар Киев аз моҳи декабри соли гузашта идома доранд.
Дар нишасти вазирони умури хориҷа дар Брюссел ҳамчунин мавзӯи кӯмаки бештар ба кишварҳои узви созиши Ҳамкорҳои Шарқӣ – Гурҷистон ва Молдавия матраҳ хоҳад шуд. Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, ки то моҳи август созиши ҳамгироӣ бо ин ду кишвари шӯравии собиқ имзо хоҳад шуд. Ҳамзамон Бюрссел аз он дар ташвиш аст, ки шояд Гурҷистон ва Молдавия зери фишори Маскав аз имзои созиш худдорӣ кунанд.