Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду тоҷик дар Брянски Русия


Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Брянски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, ду тоҷики дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштаанд. Пулиси Брянск хабар додааст, ки мошини ВАЗ-2112 бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон соати қариб 11-и рӯзи 9 феврал дар назди гардиши шаҳраки Алтуховои ноҳияи Навля ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини “Рено Меган” бо рақамҳои Молдова, бархӯрдааст. Дар натиҷа ду марди тоҷик ҷон бохта, ду ҳамсафари онҳо захмӣ шудаанд. Аз мошини “Рено” ронанда ва ҳамсараш низ ҷароҳат бардоштаанд, вале фарзандони ноболиғи онҳо дар ин садама осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG