Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев тазоҳуроти нав идома дорад


Бо бозгашти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, аз мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин мухолифони давлат дар Киев як тазоҳуроти оммавии дигар баргузор карданд. Ба гуфтаи мухолифон дар ин тазоҳурот дар Майдони Истиқлол дар маркази Киев сурат 50 ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Виктор Янукович дар ҳоле бо Владимир Путин мулоқот кард, ки мухолифони давлат бо афзоиши фишор ба ӯ талаб доранд, ки Қонуни Асосӣ ислоҳ шавад ва интихоботи зудраси порлумониву раёсати ҷумҳурӣ сурат бигирад. Ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони ду кишварро ифшо накардаанд. Сухангӯи Янукович гуфтааст, ки ин як мулоқоти ғайрирасмӣ буд. Қарор буд, раиси ҷумҳури Украина кӯмаки 15 миллиард доллариро баррасӣ кунад, ки Русия ваъда дод, вале ихтисоси онро то замони ташкили ҳукумати нав дар Украина ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG