Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як калисои Русия 2 нафарро куштанд


Мақомоти Русия мегӯянд, як марди мусаллаҳ дар дохили калисое дар ҷазираи Сахалин, 2 нафарро кушта ва 6 тани дигарро захмӣ кардааст. Ба гуфтаи мақомот, ин мард бо туфанг ба калисо ворид шуда, як роҳиба ва як узви калисоро куштааст ва 6 нафарро, ки барои ибодат омаданд, маҷрӯҳ кардааст. Кумитаи Тафтишотии Русия гуфт, ин мардро баъд аз тирандозӣ дар калисои аслии шаҳри Южно-Сахалинск дастгир карданд. Ба гузориши РИА Новости, ҳамаи захмиён аз пояшон тир хӯрдаанд ва ҷонашон дар хатар нест.
XS
SM
MD
LG