Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабони турк ҳавопаймораборо гӯл задааст


Мақомоти Туркия мегӯянд, халабон бо гӯл задани марди украинӣ ҳавопаймои мусофирбарро дар шаҳри Истанбул фуруд овардааст. Аз ин пеш дар гузоришҳо гуфта мешуд, ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия ҳавопаймои ширкати туркии Пегасусро аз шаҳри Харков маҷбур кард, дар Истанбул фуруд ояд. Аммо Ҳусейн Авни Мутлу, раиси шаҳри Истанбул гуфт, ки халабон Артём Ҳозлови 45-соларо фиреб додааст, ки ба Сочи парвоз мекунад. Ин марди украинӣ, ки маст будааст, ба халабонҳо гуфтааст, ки дар ҳавопаймо бомб аст ва таҳдид кардааст, ки ба Сочи маҳалли бозиҳои олимпӣ парвоз кунанд. Артём Ҳозлов баъди чаҳор соати рӯёрӯӣ, иҷоза дод, ҳамаи 109 мусофир ҳавопайморо тарк кунанд ва худашро баъди ин дастгир карданд. Баъди тафтиш ҳеҷ гуна бомбе дар ҳавопаймо пайдо накардаанд. Ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, Артём Ҳозлов, пинҳонӣ ва вақти хуруҷи мусофирон, дар Украина ба ҳавопаймо роҳ ёфтааст.
XS
SM
MD
LG