Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Талафот дар байни афғонҳо зиёд шудааст"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, талафот дар миёни ғайринизомиёни афғон дар соли гузашта 14 дар сад афзудааст. Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бо нашри гузориши солонааш гуфт, соли 2013 дар ҳамлаву бомбгузориҳо, тақрибан 2 ҳазору 960 нафар кушта ва бештар аз 5 ҳазору 650 тани дигар захмӣ шудаанд. Теъдоди кӯдакони куштаву захмишуда 34 дар сад боло рафтааст. Ба гуфтаи Созмони Милал, 74 дар сади ин мардум аз дасти ситезаҷӯён кушта шудаанд. Ҳашт дар сади онҳо бо гуноҳи маъмурони пулис ва сарбозони афғон ва 3 дар сад бо гуноҳи нерӯҳои байналмилалӣ куштаву захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG