Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии ҳазор маҳбус дар як зиндони Гурҷистон


Тақрибан ҳазор нафар аз маҳбусони зиндони Гегут, воқеъ дар канори шаҳри Кутаисии Гурҷистон ба нишони эътироз алайҳи бадрафтории нозирони маҳбас даст ба гуруснанишинӣ заданд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, дар канори бинои зиндон пайвандон ва хешу табори маҳбусон ҷамъ омада, вохурӣ ва тавзеҳи раҳбарони маҳбасро талаб доранд.

Вазири адои ҷазои Гурҷистон Созар Субарӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ин эътироз “ибтикори афроди шинохтаи олами ҷиноист, ки дар маҳбаси Гегут нигаҳ дошта мешаванд”. Ба гуфтаи вазир, алайҳи ин ҷинояткорон чораҳое ба хотири аз имтиёзҳо маҳрум кардаашон андешида шуданд, онҳо, дар навбати худ, дигар маҳбусонро барои густуранишинӣ маҷбур сохтаанд.
XS
SM
MD
LG