Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сочӣ: Б. К. Мун табъизи ҳамҷинсгароёнро маҳкум кард


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ зимни суханронии худ дар Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ ҳамла ба ҳамҷинсгароён ва табъизи зидди онҳоро маҳкум кард. Вай як рӯз қабл аз бозиҳои олимпӣ рӯзи панҷшанбе дар Сочӣ суханронӣ кард. Вай гуфт. Мо ҳама бояд садои худро ба задди ҳар гуна ҳамла ба ҳамҷинсгароён баланд кунем. Мо бояд бар зидди ҳабси онҳо ва табъизу маҳрумиятҳо ва ё маҳдудиятҳое, ки онҳо бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, мухолифат нишон диҳем.

Ин суханони Бан Ки Мун дар ҳоле садо дод, ки ахиран Русия аз сӯи маҳофили байналмиллалӣ мавриди интиқод қарор гирифт, ки қонунеро таблиғи “ҳамҷинсгароён” номид ва онро мамнуъ эълон кард.

Мунаққидон мегӯянд, чунин равиш изҳори ҳар гуна ақидаи иҷтимоиро барои ҳимоят аз ҳуқуқит ҳамҷинсгароён маҳдуд мекунад. Аммо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ итминон дод, ки дар давраи бозиҳои олимпӣ ҳеҷ гуна табъиз вуҷуд нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG