Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Русия барои мизбонӣ омода аст"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз шаҳраки бозиҳои олимпӣ дар Сочи дидан кард ва гуфт, кишвараш барои мизбонии ин бозиҳои олимии соли 2014 омода шудааст. Ӯ ба тими олимпии Русия гуфт, “ҳамватанон воқеан ба шумо умед бастаанд”. Бозиҳои зимистони олимпӣ рӯзи ҷумъа ифтитоҳ мешаванд. Тими Русия дар чаҳор соли пеш дар бозиҳои олимпӣ дар Ванкувер, танҳо се нишони тилло ба даст овард ва натиҷаи хубе нишон надод. Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин бо гурӯҳе аз варзишгарони хориҷӣ ва мақомоти кумитаи олимпӣ мулоқот кард. Ӯ гуфт, ки амният дар бозиҳои олимпӣ яке аз мояҳои нигаронии аслӣ аст. Барои мизбонии бозиҳои олимпӣ, ки рӯзи 23 феврал ба поён мерасанд, ҳукумати Русия 50 миллион доллар харҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG