Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15-солагии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон


Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров
Рӯзи 5 феврал ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон расман 15-сола шуд. Ин ҳизб ба раҳбарии Раҳматуллоҳ Зоиров бори аввал 5 феврали соли 1999 таҳти номи ҳизби адолат ва тараққиёт дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуд. Ҳарчанд анҷумани муассисонаш ҳанӯз 18 марти соли 1998 барпо шуда буд.
Соли 1999 дар Тоҷикистон соли интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд ва ҳизби адолат ва тараққиёт ҳамроҳ бо аҳзоби коммунист, сотсиалист, демократ ва Адолатхоҳ дар пайи таъсиси эътилофе шуданд, ки мебоист бо номзади ягона ба ин маърака мерафт. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 сентябри соли 1999 санади сабти номи ҳизби адолат ва тарққиётро бекор кард.
Ҳизби Зоиров танҳо дар соли 2002 бо номи ҳизби сотсиал-демократ дубора сабти ном шуд. Аммо ин ҳизби сиёсӣ, ки нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон мавқеъи тунди интиқодӣ дорад, то кунун натавонистааст дар ягон интихоботи президентӣ мустақилона номзадашро пешбарӣ кунад ваё дар интихоботҳои порлумонӣ соҳиби ягон курсии порлумон шавад.
Ба гуфтаи масъулонаш, феълан ҳизби сотсиал-демократ 7700 узв дорад. Раиси ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров ахиран эълон дошт, ки дар соли 2015 аз раёсати ин ташаккули мухолиф канор меравад.
XS
SM
MD
LG