Кумитаи олимпии Австрия номаи беимзое гирифт, ки дар он ба ду варзишгари ин кишвар – ширкаткунандагони бозиҳои олимпии Сочӣ таҳдид шудааст. Раиси Кумита Петер Меннел рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, ифротгароҳои ношинос таҳдид кардаанд, ки варзишгарон Марлис Шилд ва Ҷанин Флокро мерабоянд. Меннел изҳор намуд, ки варзишгарони Австрияро дар бозиҳои олимпӣ кормандони бахши зиддитеррори полис ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Қаблан чанд кишвари дигари аврупоӣ ҳам аз дарёфти номаҳои таҳдидомез ба варзишгаронашон хабар дода буданд.
Моҳи гузашта гурӯҳи тундгарои "Ансор-ас-Сунна" таҳдид кард, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Deutsche Welle бо такя ба иттилоъ ва наворҳои видеоӣ дар сомонаҳои интернетии мусаллаҳони қафқозӣ хабар додааст. Дар наворҳо ду нафар, ки худро Сулаймон ва Абдураҳмон ном бурдаанд, бомб месозанд ва сипас силоҳ дар даст дар бораи омодагӣ барои ҳамла ба Олимпиадаи Сочӣ изҳорот пахш мекунанд.
Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Сочии Русия рӯзи 7 феврал ифтитоҳ мешаванд.