Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҳоҷири тоҷик барои шунидани "амри маъруф"


Як муҳоҷири тоҷик дар истгоҳи роҳи оҳани Тошканд барои шунидани мавъизаи динӣ дар телефонаш, аз сӯи маъмурони пулиси узбак боздошт шудааст. Маҳмуд Латифов, сокини ноҳияи Ваҳдат рӯзи 4-уми феврал ба Озодӣ гуфт, ки ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе, дар истгоҳи қатораи Тошканд кормандони умури дохилаи Узбакистон бо шунидани «амри маъруф» дар телефони бародараш Тоҷиддин Латифов, ӯро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Маҳмуд Латифов, Тоҷиддин ба хонумаш дар тамос шудааст ва гуфтааст барои гӯш кардани мавъизаи динӣ ӯро аз қатора фароварданд ва мебоист рӯзи якшанбе раҳояш мекарданд, аммо тайи се рӯз аст, ки аз вай дарак нест. Тоҷиддин Латифов, сокини деҳаи Ҷалҷити ноҳияи Ваҳдат ва соҳиби се фарзанд, чанд сол аст, ки дар Маскав дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад ва зиндагиашро бо мардикорӣ таъмин мекунад. Маҳмуд Латифов мегӯяд, ки имрӯз ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат хоҳад кард, то дар ҳамкорӣ бо сафорати Узбакистон дар Душанбе, барои раҳоии бародараш мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG