Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо тақсими об дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд


Дар як нишасте дар порлумони Аврупро ахиран масъалаи нақши обу энергетика дар таъмини сулҳро баррасӣ кардаанд. Нишасти мазкур бо мусоидати Струан Стивенсон, роҳбари гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор ва яке аз тарафдорони сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар ин нишаст Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ширкат карда ва гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамеша кишварҳои Осиёи Марказиро дар тақсими захираҳои об дар минтақа ба муколамаи созанда ва ҳамкорӣ даъват мекунад. Султон Раҳимов, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ин нишаст суханронӣ карда ва гуфтааст, ҳукумат дар сиёсатҳояш дар заминаи обу энержӣ ин манбаъи табииро як воситаи ҳамкорӣ медонад. Тайи чанд соли ахир, баҳсу ҷанҷол сари захираҳои об миёни кишварҳои поёноб ва болооби Осиёи Марказӣ авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG