Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ангезаҳои гаравгонгириро таҳқиқ мекунад


Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, сабабҳои амали ҷавонеро таҳқиқ мекунанд, ки 20 донишандӯзу муаллими онҳоро гаравгон гирифт. Ин хонандаи синфи 10-умро бесилоҳ ва сипас боздошт карданд. Аммо ӯ ҳангоми ин ҳодиса ва вуруди пулис ба маҳалли ҳодиса яке аз онҳоро кушт ва як нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ин муҳассили мактабе дар ҳошияи шаҳри Маскав субҳи рӯзи душанбе бо ду туфанг вориди мактаб шуда, як муаллимро кушт ва донишандӯзонро гаравгон гирифт. Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Русия, дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз бачаҳои мактаб осеб надидаанд. Владимир Маркин сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия гуфтааст, ки ин толибилми аълохоне буд ва мумкин аст, мушкили равонӣ сабаби чунин рафтораш шудааст.
XS
SM
MD
LG