Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав мухолифон раҳпаймоӣ карданд


Раҳпаймоии Маскав
Раҳпаймоии Маскав
Дар Маскав раҳпаймоии ҷонибдорони мухолифон баргузор шуд. Ин раҳпаймоӣ бо иҷозаи расмии мақомоти Маскав анҷом мегирад. Онҳо раҳоии зиндониёнеро, ки дар эътирозҳои моҳи маи соли 2012 боздошт шуда буданд, тақозо карданд.

Борис Немтсов-раҳбари мухолифон дар сафи пеши раҳпаймоён қадам мезад ва раҳпаймоён шиор медоданд, ки мақомоти расмӣ “зиндониёни Болотная”-ро раҳо кунанд.

6 маи соли 2012 байни эътирозгарон ва нируҳои пулис дар Маскав дар хиёбони Болотная задухурд рух дод ва ҳудуди 400 нафар боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG