Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташфишон ҷони бештар аз 15 нафарро гирифтааст


Модаре бо кӯдакаш дар наздикии оташфишони Синабунг
Модаре бо кӯдакаш дар наздикии оташфишони Синабунг
Мақомоти Индонезия мегӯянд, дар натиҷаи як вулқон ё оташфишон дар ҷазираи Суатраи ин кишвар 15 нафар ба ҳалокат расидаанд. Гурӯҳҳои наҷот дар минтақаи оташфишон дар атрофи кӯҳи Синабунг рӯзи якшанбе ҷустуҷӯро идома доданд.

Рӯзи шанбе ин оташфишон ба манотиқи атроф оташи моеъ ва сангпораҳову гази олуда партоб кард. Ожонси мубориза бо фоҷеаҳои Индонезия гузориш додааст, ки ҷасадҳои бештарро дар маҳали ҳодиса пайдо кардаанд, вале дар бораи шумораи онҳо чизе нагуфтааст. Дар баъзе нуқтаҳо, ки гили оташ ғафстар аст ҷустуҷӯро қатъ кардаанд.

Ин ташфишон моҳи сентябр боз шуда буд, вале рӯзи шанбе оташфишонӣ бештар гардид, сангҳои бузурги оташро ба ҳаво мепартофт ва дуди ғализ то ба 2000 метр баландӣ расида буд.
XS
SM
MD
LG