Мухолифони сиёсии Украина аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, ки рӯзи якшанбе дар раҳпаймоии дигари бузург дар шаҳри Киев ширкат кунанд. Виталий Кличко-раҳбари мухолифони Украина гуфт, мардуми Украина хостори тағироти сиёсӣ шудаанд, бо вуҷуди ин ки бар зидди онҳо хушунатро раво мебинанд.
Вай зимни суханронии худ дар конфронси солонаи амниятӣ дар Мунихи Олмон аз дӯстони Украина дар Ғарб даъват кард, ки барои ба манзил расидани ҷунбиши демократӣ ба ин кишвар кӯмак расонанд.
Леонид Кожара-вазири корҳои хориҷаи Украина гуфт, на ҳамаи украиниҳо, аз ҷумла 8 миллион русҳои сокини ин кишвар аз эътирозҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Вай изҳор дошт, ки Украина кишвари гуногунҷабҳа аст ва наметавонад аз Аврупову Русия якеро интихоб кунад, балки бояд бо ҳар ду робита дошта бошад.