Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Мурсӣ оғоз шуд


Мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар Қоҳира зери тадбирҳои шадиди амниятӣ оғоз шудааст. Мурсӣ ва 14 нафари дигар аз Ихвонулмуслимин, яъне созмони мамнуъ дар Миср барои куштори эътирозгарони тазоҳуроти назди бинои раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2012 гунаҳгор дониста мешаванд.

Мурсӣ моҳи июли соли гузашта дар натиҷаи тазоҳуроти сартосарии эътирозӣ дар Миср тавассути нозомиён аз мақом барканор шуд. Вайро барои як силсила иттиҳомот гунаҳгор медонанд. Куштори рақибони сисёсӣ, ҳамкории пинҳонӣ бо гурӯҳҳои хориҷӣ ва ташкили фирор аз зиндон аз ҷумлаи ин иттиҳомот мебошанд. Ду ҳафта пеш тавҳин ба мақомоти додгоҳӣ ба ин иттиҳомот илова шуд.

Мурсӣ аз замони барканорӣ аз мақом то ҳол дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG