Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ натиҷаҳои гуфтугӯро хоксорона хонд


Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал мегӯяд, гуфтугӯи намояндагони ҳукумат ва мухолифони Сурия, пешрафти андаке дошт, вале умедвориҳоро барои хотима додан ба ҷанг барангехт. Иброҳимӣ баъди музокироти якҳафтаинаи паси дарҳои баста ба хабарнигорон гуфт, конфронси Женева-2 “як оғози хоксорона аст, вале оғозе, ки бо такя ба он метавон корро идома дод.” Ӯ афзуд, ки масъалаи кӯмак ба мардуми мӯҳтоҷ дар манотиқи ҷангзада баррасӣ шудааст: "Ҳамчунин масъалаи дастрасӣ ба дигар минтақаҳо ва идеяи танаффус дар ҷанг баррасӣ шуд, ки дастрасӣ ба тамоми минтақаҳоро мумкин созад. "
Ба гуфтаи Ахзар Иброҳимӣ, ду тараф аҳд додаанд, ки масъалаи иҷрои комили қатъномаи Женеваро баррасӣ мекунанд, ки соли 2012 аз тарафи ҷомеаи байналмилал пазируфта шуд. Дар он санад, роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва таъсиси ҳукумати муваққату баргузории интихобот нишон дода шудааст. Интизор меравад, даври баъдии гуфтугӯҳо моҳи феврал сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG