Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навзоди тоҷикро ба модараш баргардонданд


Кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ноҳияи Ваҳдат зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ фурӯши як навзодро ошкор намуда ва ин кӯдакро ба модараш баргардонидаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи ҷумъа бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки кормандони шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи ноҳияи Ваҳдат сокини пойтахт Шаҳло Мирзоеваро боздошт кардаанд, ки рӯзи 6-уми январ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт навзоди як сокини ноҳияи Ваҳдатро ба нафари дигар фурӯхтааст. Вазорати корҳои дохилӣ модари навзодро Назокати Қодирзода ном бурдаааст ва сокини пойтахт Шаҳло Мирзоева кӯдаки ӯро дар ивази 2000 рубли Русия мусодифи 300 сомонӣ ба сокини дигари шаҳри Душанбе Рӯзигул Қурбонова фурӯхтааст. Феълан алайҳи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад
XS
SM
MD
LG