Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Украина тазоҳургаронро авф мекунад, вале...


Порлумони Украина эълон кард, ки тазоҳургарони боздоштшуда дар ҷараёни нооромиҳои ахирро афв мекунад, вале ба шарте, ки ҳамақидаҳои онҳо тамоми биноҳои ҳукуматиро холӣ кунанд. Тарҳи афви тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ шоми чаҳоршанбе дар порлумони Украина баррасӣ шуд, вале аксарияти мухолифони давлат гуфтанд, ки афв бояд бе қайду шарт бошад. Тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ низ субҳи панҷшанбе пешниҳоди порлумонро нокофӣ хонда, рад карданд. Айни замон се бинои ҳукуматӣ дар тасарруфи тазоҳургарон аст, ки онҳоро ба ҳайси хобгоҳ ва мудирияти тазоҳуроти азим дар маркази шаҳри Киев истифода мебаранд. Қабл аз пешниҳоди афв вакилони Украина, қонуни манъи тазоҳуротро беэътибор эълон карданд ва ҳукумат ҳам истеъфо дод. Ҳоло маълум нест, ки дар ҳукумати нав, сиёсатмадорони тарафдори ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо шомил хоҳанд шуд, ё не.
XS
SM
MD
LG