Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Кӯмакҳои Русия ба Украина боздошта шавад"


Владимир Путин
Владимир Путин
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дастур додааст, ки иҷрои қарордоди миёни Русия ва Украинаро дар бораи додани 15 миллиард доллар ба Украина боздоранд, то замоне ки ҳукумати Украина ташкил шавад. Русия ин кӯмакро барои наҷоти иқтисоди Украина аз бӯҳрон ихтисос дода буд.

Бо вуҷуди ин Путин рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Русия ҳанӯз мехоҳад қарордоди дар ихтиёри Украина гузоштани ин миқдор қарз ва поин бурдани нархи фурӯши газ ба Украинаро нигоҳ дорад. Бар асоси ин қарордод то ҳол Русия ба Украина 3 миллиард қарз додааст.

Рӯзи сешанбе Путин дар мулоқот бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Русия намехоҳад ин қарордодро тағир диҳад, ҳатто агар намояндагони мухолифон вориди ҳукумат шаванд. Баъд аз чанд ҳафтаи эътирозҳо Микола Азаров-нахуствазир ва аъзои дигари ҳукумат аз мақомҳои худ истеъфо доданд.
XS
SM
MD
LG