Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кравчук: Украина дар остонаи "ҷанги шаҳрвандист"


Леонид Кравчук
Леонид Кравчук
Леонид Кравчук-раиси ҷумҳури пешини Украина дар порламони кишвараш гуфт, ки Украина дар остонаи “ҷанги шаҳрвандӣ” қарор дорад. Вай аз намояндагони порламон хост, ки бо масъулияти том рафтор кунанд.

Леонид Кравчук-нахустин раиси ҷумҳури Украина пас аз фурӯпошии Шӯравист ва вай рӯзи чаҳоршанбе дар иҷлоси вижаи порламон суханронӣ кард. Дар ин иҷлос намояндагон имкони афви эътирозгарони боздоштшуда дар тазоҳуроти думоҳаи зиддиҳукуматиро баррасӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо аз Киев боздид ва дар ҳали бӯҳрони Украина миёнҷигарӣ мекунанд.

Виктор Янукович-раиси ҷумҳур истеъфои ҳукуматро пазируфт ва порламон қонуни зиддитазоҳуротро, ки ду ҳафта пеш ба тасвиб расида буд, бекор эълон кард. Янукович гуфтааст, афв танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки агар эътирозгарон кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳоро холӣ кунанд. Вале то ҳол ин дархостро мухолифон рад кардаанд.

Аз сӯи дигар, баъд аз интиқоди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар мулоқот бо Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷа ва Стефан Фуле-кумиссари тавеаи Иттиҳодияи Аврупо аз Киев боздид мекунанд. Рӯзи сешанбе Путин дар ин мулоқот гуфт, мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо бо мудохилаи сиёсӣ норизоятиҳои Украинаро доман мезананд.
XS
SM
MD
LG