Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз Эрон боздид мекунад


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия барои боздиди дурӯза дар Теҳрон қарор дорад. Вай дар ҷараёни боздид бо раҳбарони Эрон равобити дуҷониба ва масъалаҳои минтақаӣ, аз ҷумла муноқишаи Сурияро баррасӣ мекунад.

Қарор ат, ки Эрдуғон бо оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳур ва Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон мулоқот кунад. Интизор меравад, ки ду кишвар дар бораи ташкили Шӯрои ҳамоҳангии ҷонибҳо қарордоде имзо кунанд. Имзои ин қарордод дар ҳоле имконпазир шудааст, ки баъд аз тавофуқоти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии ин кишвар акнун таҳримҳои байналмиллалӣ бар зидди Эрон коҳиш хоҳад ёфт. Дар қарордоди Туркияву Эрон роҳҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ нишон дода мешавад.

Соли гузашта гардиши колои миёни ду кишвар 13,5 миллиард долларро ташкил дод. Эрон мегӯяд, ки гуфтугӯ ва тамосҳои ду ҷониб вориди марҳилаи нав шудааст. Вале мавзеъгирии ин ду кишвар роҷеъ ба бӯҳрони Сурия комилан аз ҳам фарқ дорад.
XS
SM
MD
LG