Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Мурсиро ба таъхир андохтанд


Муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Мисрро, то рӯзи 29 феврал ба таъхир андохтанд, то додситонҳо фурсати бештар барои таҳқиқи парвандаи ӯ пайдо кунанд. Дар оғози муҳокима Муҳаммад Мурсӣ ғавғо бардошт ва бо хашм ба додрас фарёд зад, ки “Ту кистӣ”. Ӯро дар як қафаси шишаӣ ба додгоҳ ҳозир карданд. Раиси ҷумҳури собиқи исломгарои Мисрро дар ташкили фирор аз зиндон дар соли 2011 муттаҳам мекунанд. Дар он соли қиёмҳои мардумӣ алайҳи Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, 20 ҳазор нафар аз зиндонҳо гурехтанд. Муҳаммад Мурсиро ҳамроҳ бо 130 нафари дигар муҳокима мекунанд.
XS
SM
MD
LG