Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот аз муҳоҷирон хост, аз Краснодар хориҷ шаванд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо пахши як баёния аз муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Краснодар хоҳиш кардааст, ки ин минтақаро то анҷоми бозиҳои Олимпӣ дар Сочӣ тарк кунанд. Абдулло Қодирӣ, сӯхангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ниҳод аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар вилояти Краснодар фаъолият доранд, хоҳиш мекунад, ки то замони анҷоми Бозиҳои зимистонии олимпии Сочи аз қаламрави ин вилоят хориҷ шаванд ва дар минтақаҳои дигари Русия ҷои кори муносиб пайдо кунанд. Вай афзуд, ҳамчунин аз онҳое, ки ба ин вилоят барои кор меоянд, хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар худдорӣ кунанд. Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия иттилоъ дод, ки бо назардошти амнияти Бозиҳои олимпӣ, мақомоти навоҳӣ ва шаҳрҳои вилояти Краснодар додани ҳуҷҷат барои иҷозаи кор ё патентро то анҷоми ин мусобиқот қатъ кардаанд. Ва ҳар нафаре, ки баъд аз ин бидуни иҷозаи кор ва ё патент хоҳад монд, дар қатори муҳоҷири ғайриқонунӣ шомил хоҳад шуд ва ихроҷ шудан аз қаламрави Русия ӯро таҳдид мекунад. Бозиҳои олимпиии зимистонӣ дар шаҳри Сочи рӯзҳои 7-21 феврали соли ҷорӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG