Дар Миср, афроди ношиноси мусаллаҳ як генерали вазорати умури дохилии ин кишварро куштааст. Афроди мотосикславори мусаллаҳ, генерал Муҳаммад Саид, раиси бахши фаннии вазоратро, ҳангоми нишастан ба мошин дар назди хонааш, тир задаанд. Ӯ аз сар ва қафаси синааш тир хӯрда ва дар шифохона ҷон додааст. Ҳамлагарон аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Генерал Муҳаммад Саид, дастёри Муҳаммад Иброҳим, вазири умури дохилии Миср, буд, ки худи ӯ соли гузашта дар як сӯиқасд, ҷон ба саломат бурд. Баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср дар моҳи июл тундравони исломӣ ҳамлаву бомбгузорӣ дар ин кишварро бештар карданд.