Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҷҷуби фаъоли ҳуқуқи башар аз вазъи як зиндонӣ


Сурат Икромов
Сурат Икромов
Ба Сурат Икромов-фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон иҷоза додаанд, ки ба дидори Мурод Ҷӯраев биравад, ба дидори зиндонии сиёсие, ки 20 соли пеш ба ҳабс андохта шуда буд. Икромов баъд аз ин дидор мегӯяд, ки вай аз вазъи бади саломатии Ҷӯраев дар тааҷҷуб мондааст.

Икромов ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар охири ҳафта ба вай иҷоза доданд, ки ба дидори Ҷӯраев биравад. Ҷӯраев дар гузашта вакили мудофеъ буд ва ҳоло ба синни 61 даромадааст. Вале Икромов мегӯяд, ки вай аз синну соли худ хеле пир ба назар мерасад. Ба гуфтаи Икромов, Ҷӯраев дандон надорад ва як марди шикаста ба назар мерасад.

Холбика Ҷӯраева-хонуми Ҷӯраев борҳо дар бораи саломатии шавҳараш ҳушдорҳо ба нашр расонда буд. Ҷӯраевро соли 1994 барои талоши сарнагунии ҳукумат боздошт ва соли 1995 барои 12 сол маҳкум ба зиндон карда буданд. Вале мӯҳлати зиндони вайро чанд бор тамдид карданд.

Ҷонибдорони Ҷӯраев мегӯянд, ки парвандаи вай сиёсӣ аст. Алҳол интизор меравад, ки вай соли 2016 аз зиндон барояд.
XS
SM
MD
LG