Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Севвумин рӯзи музокироти ҷонибҳои Сурия


Севвумин рӯзи музокироти ҳайатҳои ҳукумати Сурия ва мухолифони сиёсии онҳо дар Женев идома дорад. Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ гуфт, вай умедвор аст, ки нақшаи СММ роҷеъ ба ҳукумати давраи гузор баррасӣ хоҳад шуд.

Мухолифон пофишорӣ доранд, ки Башор Асад-раиси ҷумҳури кунунӣ дар ҳукумати оянда нақше надошта бошад, вале ин пешниҳодро режими Димишқ қабул надорад. Рӯзи якшанбе ҳайатҳои ҳар ду ҷониб машуғули баррасии масъалаҳои башарӣ буданд.

Ҳукумати Сурия мегӯяд, занону кӯдакон метавонанд шаҳри дар муҳосира қарордоштаи Ҳумсро тарк кунанд. Иброҳимӣ гуфт, вай мефаҳмад, ки онҳо метавонанд аз Ҳумс билофосила хориҷ шаванд. Ҳумс дар маркази Сурия яке аз шаҳрҳои асосии нооромиҳо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG