Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар дар Миср раҳпаймоӣ карданд


Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира ба нишони ҳимоят аз ҳукумат раҳпаймоӣ карданд, ки аз тарафи артиши Миср таъйин шудааст. Дар ин рӯз дар Миср саввумин солгарди қиёмҳои мардумиро таҷлил карданд, ки бо суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури худкомаи он кишвар поён ёфт. Дар раҳпаймоӣ дар Қоҳира мардум ба тарафдории генерал Абдулфаттоҳ ал-Сиси фармондеҳи артиш шиор медоданд, ки маҳз бо сарпарастии ӯ Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср моҳи июли гузашта аз мақомаш барканор шуд. Начандон дуртар аз майдони Қоҳира, тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ҷамъ омаданд ва маъмурони пулис онҳоро бо истифода аз гази ашковар пароканда кардаанд. Дар бархӯрдҳо бо маъмурони пулис яке аз ин тазоҳургарон кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG